Пайвандҳои дастрасӣ

Убайдуллоев дастур дод, ки татбиқи Генплан одилона сурат бигирад


Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба масъулинаш дастур дод, ки ҳангоми татбиқи Генплан ҳуқуқҳои соҳибони манзилҳоро поймол накунанд.
Ба иттилоъи дафтари матбуоти Ҳукумати шаҳри Душанбе Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 18 ноябр роҳҳои одилонаи татбиқи Генпланро матраҳ кард.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба ҷараёни татбиқи Нақшаи генералӣ ба масъулинаш ҷиддан таъкид кардааст, ки зимни омодасозии санадҳои марбут ба Генплан аз поймол намудани ҳуқуқҳои соҳибмулкон ҷилавгирӣ кунанд. Феълан дар маркази пойтахт дар чаҳорчубаи қарори раиси шаҳр нақшаи генералӣ амалӣ мешавад.

Тақрибан се моҳ қабл Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини барномаи Генплан дода ва аз онҳо тақозо кард, ки ҳангоми сохтани биноҳои нав бояд назари сокинони атроф пурсида шавад. Эҳтимоли осеб дидани сохтори инженерии биноҳои атроф, ҳангоми сохтани биноҳои ҷадид як далели таҳия ва тасвиби чунин қарори шаҳрдорӣ унвон шудааст.

Моҳи сентаябри соли равон Ҳукумати пойтахти Тоҷикистон “Генплан” ё нақшаи умумии бозсозии шаҳрро тасдиқ кард, ки бар пояи он тахриби 34 бино дар маркази Душанбе, аз ҷумла вазорати кишоварзӣ, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, додситонии шаҳри Душанбе, «Тоҷиктелеком», сафорати Эрон ва осорхонаи Гурминҷ Завқибековро дар назар аст.

Масъалаи "Генплан"-и Душанбе солҳо боз як мавзӯъи мояи ташвиши сокинони пойтахт ба шумор меравад. Сохтмон дар Душанбе асосан бар пояи Генпланест, ки ҳанӯз дар соли 1984 таҳия шуда буд. Феълан Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Гипрогори шаҳри Маскав машғули таҳияи "Генплан"-и нави пойтахти Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG