Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Талафоти толибони Афғонистон афзоиш ёфтааст


Дар Афғонистон соли равон 12 ҳазор толибон кушта ё маҷрӯҳ шуданд ё асир уфтоданд. Дар гузориши СММ, ки рӯзи душанбе, 18 ноябр нашр шуд, ҳамзамон ҳушдор дода шудааст, бо вуҷуди ин талафот толибон то замоне, ки аз манбаъҳои ғайриқонунӣ сармоягузорӣ мешаванд, муқовиматро идома хоҳанд дод.

Дар гузориши вижа, ки ба Шӯрои амнияти СММ ироа мешавад, омдааст, талафоти толибон дар моҳҳои гузашта назар ба ҳамин давари соли гузашта се баробар бештар аст. Муаллифон ба муаасир будани амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ таъкид карда ҳамзамон гуфтаанд, ки талафоти онҳо низ соли равон афзоиш ёфтааст.

Бар пояи гузориш, нерӯҳои зиддиҳукуматии Афғонистон соли гузашта аз фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир тақрибан 150 миллион доллар фойида ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG