Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чилӣ даври дуввуми интихобот баргузор мешавад


Мишел Бачелет

Мишел Бачелет

Дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Чилӣ Мишел Бачелет, президенти пешини кишвар ва номзади нерӯҳои чапгаро ва Эвелин Маттеӣ, собиқ вазири кор дар ҳукумати ростгарои раисиҷумҳури феълӣ Себастиян Пиниера ширкат хоҳанд кард. Дар натиҷаи раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии рӯзи якшанбе ба хонум Бачелет 47 дар сад ва рақиби ӯ Маттеӣ 25 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй овоз доданд.

Даври дуюми интихобот 15 декабр баргузор мешавад.

Мишел Бачелет, ки аз рӯи маълумоташ табиб аст, аз соли 2006 то соли 2010 раисиҷумҳури Чилӣ буд. Дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ ӯ эълом дошт, ки мехоҳад бо роҳандозии ислоҳот тафовут миёни афроди сарватманд ва фақирро коҳиш диҳад. Айни ҳол тақрибан нисфи аҳолии Чилӣ моҳе камтар аз 500 доллар маош мегиранд, дар ҳоле, ки Чилӣ аз рӯи даромади ҳар як шаҳрванд миёни кишварҳои Амрикои Лотин дар хатти аввал қарор дорад.
XS
SM
MD
LG