Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин мурофиаи парвандаи Баҳромиддин Шодиев


Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Баҳромиддин Шодиев рӯзи 18-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, дар нимаи двуми имрӯз дар додгоҳи Исомили Сомонии пойтахт даври охирини мурофиаи Баҳромиддин Шодиев баргузор мешавад.

«Имрӯз додгоҳ қарори худро дар мавриди пардохти ҷуброн дар ҳаҷми 180 ҳазор сомонӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ба ба наздикони Баҳромиддинро эълон хоҳад дошт», зикр кард Гулчеҳра Холматова. Ҳарчанд қаблан вакили дифоъ гуфта буд, ки тамоми асноди лозхима пешкаш карда шудааст ва додгоҳ ба суди Шодиев ҳал хоҳад кард, аммо имрӯз зикр кард, ки ба ин кор боварии комил надорад.

Аммо наздикони Баҳромиддин Шодиев мегӯянд, ки агар додгоҳ ба суди онҳо ҳал накунад боз ба зинаҳои болоии додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард. Модари Баҳромиддин Шодиев аз вазорати умури дохила барои ҳалокати писараш бар асари шиканҷа ҳамчун товони зарари маънавӣ 180 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 37 000 доллар талаб дорад.

Баҳромиддин Шодиеви 28 сола, ки бо гумони дуздӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар моҳи октябри соли 2011 боздошт шуда буд, бо ҷароҳатҳои вазнин ба шӯъбаи эҳёи беморхонаи Қараболо интиқол ёфта, баъди 10 рӯз дар рӯи кати беморӣ ҷон дод. Модари ӯ ибтидо ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурд ва мақомоти шӯъбаи умури дохилаи ин ноҳияро дар латукӯб ва марги фарзандаш айбдор кард.

Додгоҳи Шоҳмансур дар моҳи феврали соли 2012 Абдураҳмон Додов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳияро ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ба дунболи ин, дар моҳи апрели соли равон наздикони Баҳромиддин Шодиев ба хотири рӯёндани товони зарари маънавӣ ба додгоҳи Шоҳмансур муроҷиат карда, аз вазорати корҳои дохилӣ 180 000 сомонӣ талаб карданд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ин даъворо барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ - макони дафтари марказии вазорати корҳои дохилӣ - ирсол доштааст.
XS
SM
MD
LG