Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотилони ду тоҷикро боздошт кардаанд


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод, ки шоми 17-уми ноябр ҷасади ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки 12-уми ноябр дар ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск кушта шуда буданд, яъне Сангинбоев Абдуманон Шодимуродович, соли таваллудаш 1982 ва Мутрифов Сайриддин Сайфиевич, соли таваллудаш 1990 бо ҳавопаймои парвози Челябинск-Хучанд ба Тоҷикистон фиристода шуд. Онҳо ҳар ду сокинони деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент мебошанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба роҳбарият ва аъзои ҷамъияти тоҷикистониҳои вилояти Челябинск барои кори хайре, ки тайи ин чанд рӯзи ахир ба ҷой овардаанд, изҳори сипос намудааст.

Муҳаммад Эгамзод-намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд: "Мо иттилои дақиқ дорем, ки дар робита ба ин ҳодиса аллакай парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия боз гардидааст ва феълан ду нафар бо ному насаби Р.А. ва К.А ном шаҳрвандони кишвари иқомат ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд. Ангезаи ин ҳодсаи кушторо дар ҳоли ҳозир мақомоти интизомии Русия ғоратгарӣ шарҳ медиханд. Сафорат ин қазияро таҳти назорати ҷиддии хеш гирифтааст ва ҳамакнун Хадамоти консулии сафорат якҷо бо консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба таври доимӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа дар тамосанд. Мо боварии комил дорем, ки ин қазия ба пуррагӣ аз ҷониби мақомоти тафтишотии Русия таҳқиқ ва кушандагони шаҳрвандони мо дар назди қонун муҷозот хоҳанд шуд".
XS
SM
MD
LG