Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳолланд дар Исроил Эронро баҳс мекунад


Франсуа Ҳолланд

Франсуа Ҳолланд

Франсуа Ҳолланд-раисиҷумҳури Фаронса барои боздиди серӯза вориди Исроил шуд ва интизор меравад, ки вай дар ҷараёни ин боздид бештар дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон бо мақомоти раҳбарии Исроил гуфтугӯ кунад.

Ҳафтаи гузашта қудратҳои ҷаҳонӣ дар Женев барои рааидан ба тавофуқ музокира анҷом доданд. Дар сурати ба даст омадани тавофуқот таҳримҳои байналмиллалӣ бар зидди Эрон сабуктар хоҳад шуд. Эрон бояд қавл диҳад, ки фаъолиятҳои ҳастаии худро бозмедорад.

Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил мегӯяд, идомаи таҳримҳои байналмиллалӣ ва ҳатто ташдиди онҳо бар зидди Эрон нисбат ба сабукиҳо ба натиҷаҳои музокирот бештар таъсир хоҳад дошт.

Рӯзи якшанбе Франсуа Ҳолланд гуфт, ки Эрони ҳастаӣ ба ҷаҳон хатари бештар дорад. Интизор меравад, ки Нетаняҳу дар поёни ҳафтаи кунунӣ бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ва бо Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мулоқот кунад.

Эрон бо 6 қудрати ҷаҳонӣ 20-23 ноябр дар Женев ба музкира менишинад.
XS
SM
MD
LG