Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули муҳоҷирон шояд коҳиш ёбад


Абдуҷаббор Ширинов-раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки коҳиши рушди иқтисоди Русия мумкин аст ба интиқоли пулҳои муҳоҷирони кории тоҷик таъсир расонад. Вай ба рӯзноманигорон гуфт, пулҳои фиристодаи муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 44,3 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил додааст, ки он як дарсад бештар аз ҳамин давраи соли гузашта будааст.

Вай гуфт, коҳиши интиқоли пулҳои муҳоҷирон метавонад ба арзиши пул дар бозори асъори Тоҷикистон таъсир расонад. Дар нимсолаи аввали соли 2013 аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 477 миллион доллар интиқол пул ёфтааст ва он аз нимсолаи аввали соли 2012 17,5 дарсад бештар будааст.

Соли 2012 аз Русия ба Тоҷикистон 3 миллиарду 290 миллион доллар ва соли 2011 2 миллиарду 864 миллион доллар интиқол ёфтааст.
XS
SM
MD
LG