Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия ҷустуҷӯи Олег Серенко-раҳбари пешини Кумиссиюни интихоботии ноҳияи Кирови шаҳри Волгоград эълон шудааст. Вайро барои рабудани 65 миллион рубл гумонбар медонанд.

Бино ба натиҷаҳои расидагии муқаддамотӣ, тирамоҳи соли гузашта Серенко дар Волгоград бузургтарин маркази ҳисоббарорӣ ташкил кардааст ва ин марказ бо ҷамъоварии пулҳои ҳақи истифодаи нируи барқ аз аҳолӣ машғул будааст.

Агар ин иттиҳомот таъйид шавад, дар он сурат Олег Серенко ба 10 соли зиндон маҳкум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG