Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон масъулияти бамгузории интиҳории рӯзи шанбе дар Кобулро бар дӯш гирифтаанд. Пулиси Афғонистон мегӯяд, дар ин таркиш 10 нафар кушта 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Маргталабе мошини бамгузооришудаи худро ба сӯи зиреҳпӯши амниятӣ рондааст ва ҳангоми бархӯрд бо он таркиш рух додааст.

Ин зиреҳпӯш амнияти маҳаллеро таъмин мекард, ки ҳафтаи оянда дар он ҷо иҷлоси Луя Ҷиргаи Афғонистон баргузор мегардад ва дар он бештар аз 2 500 нафар шахсиятҳои маъруф ва аъзои Луя Ҷигра аз 34 вилоят ширкат хоҳанд кард. Ширкаткунандагон қарордоди дуҷонибаи амниятии Афғонистону Амрикоро баррасӣ мекунанд.

Бино ба гуфтаи мақомоти расмии вазорати дифоъ, яке аз ононе, ки кушта шудааст, сарбоз будааст. Ин таркиш 500 метр дуртар аз маҳали баргузории иҷлоси Луя Ҷирга рух додааст.
XS
SM
MD
LG