Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ибтикори метрои Маскав. Варзиш кунед, билети ройгон бигиред


Метрои Маскав барои тарғиби мардум ба варзиш ва ҳамчунин таблиғ барои бозиҳои олимпии зимистонаи 2014, ки қарор аст дар Сочӣ баргузор шавад, даст ба ибтикори ҷолибе задааст.

Тасаввур кунед дар Маскав ҳастед ва мехоҳед савори метро шавед, аммо барои харидани билет пул надоред, чӣ кор мекунед? Аз тасмими худ бармегардед ва савори метро намешавед? Ё бидуни билет ва ба тариқи ғайри қонунӣ савор мешавед ва ҳамеша нигарон ҳастед, ки мумкин пулис шуморо мутаваққиф кунад ва аз шумо бихоҳад билетатонро нишон диҳед?

Ҳамакнун ниёз ба ҳеҷ кадоме аз ин иқдомҳо нест. Метавонед варзиш кунед. Дақиқтараша ин аст, ки метавонед чанд бор биншинед ва бархезед. Як мошини чопи билет махсус дар метро насб карда шудааст, ки пул қабул намекунад, балки дар ивази варзиш барои шумо билет содир мекунад. Барои он, ки битавонед аз ин дастгоҳ, ки дар истгоҳи ғарбии метрои Маскав қарор дорад, билет дарёфт кунед, танҳо кофӣ аст, ки пеши он биистед ва дар камтар аз ду дақиқа, 30 бор бишинед ва бихезед.




Александр Жуков, мудири кумитаи олипмии Русия дар ин хусус ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ки "ҳадафамон ин аст, ки нишон бидиҳем бозиҳои олимпӣ фақат маънои нишастан дар пеши теливизион барои мушоҳидаи мусобиқоти байналмилалӣ нест, балки ба маънои пайгирии "шеваи зиндагии варзишӣ аз сӯи ҳама мардум аст." Ин дастгоҳ то нимаи моҳи декабр дар метро боқӣ мемонад.

Пеш аз ин низ масъулони метро дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон барои тарғиби мардум ба варзиш даст ба ибтикороте зада буданд. Аз ҷумла соли 2009 дар Стокҳолм масъулони метро бо насби зинаи мусиқӣ, талош карданд мардумро ташвиқ кунанд, то ба ҷои истифода аз зинаҳои барқӣ, аз зинаҳои маъмулӣ боло бираванд. Ин идея сипас дар шаҳрҳои дигари дунё аз Милан ва Рум иҷро шуд.

Ин бор дар Русия аммо ташвиқ бар варзиш ба назар мерасад танҳо қарор нест ба метро маҳдуд шавад. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, то вақти баргузории мусобиқоти олимпиадаи зимистона, кумитаи олимпии Русия тасмим дорад идеяҳои варзишии дигариро низ роҳандозӣ кунад. Аз ҷумла насби велосипед дар шаҳр, ки бо педал задан бар рӯи он, мобилатон метавонад қувва бигирад. Мусобиқоти олимпиадаи зимистона дар шаҳри Сочии Русия рӯзҳои 7-23 феврал баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG