Пайвандҳои дастрасӣ

Имкони расидан ба тавофуқ бо Эрон


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии ин кишвар ба тавофуқоти муқаддамотӣ наздик шудаанд ва набояд “ин имкони хеле хуб” аз даст равад. Лавров ин суханонро рӯзи шанбе дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии Russian TV изҳор дошт.

Суханони Лавров дар ҳоле садо дод, ки як рӯз пеш Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон нгиз аз имкони расидан ба тавофуқот изҳори хушбинӣ кард.

Қарор аст ҳафтаи оянда шаш қудрати ҷаҳонӣ Амрикову Русия, Чину Британия ва Олмону Фаронса дар Женева даври навбатии музокирот роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эронро баргузор кунанд.

Дар музокироти аввали моҳи ҷорӣ тавофуқоте ба даст наомад, вале дар бораи пешрафтҳо гузориш дода шуд. Эрон мехоҳад аз таҳримҳои байналмиллалӣ раҳоӣ ёбад. Ин кишвар инкор мекунад, ки барномаҳои ҳастаиашро ба таври махфӣ барои иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ истифода намекунад.
XS
SM
MD
LG