Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Саройкамар” ва “Эсхата” ба лигаи олӣ роҳхат гирифтанд


Дастаҳои «Саройкамар»-и Панҷ ва “Эсхата”-и Хуҷанд ба бозиҳои ниҳоии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Дастаи “Саройкамар” бозии ҷавобии ниманиҳоии мусобиқаро рӯзи 16-уми ноябр дар меҳмонӣ бо тими “Далерон-Ӯротеппа”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1-1 анҷом дод.

Искандар Мамадқулов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 14-ум ҳисобро боз кард. Дагар Каримов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 46-ум ҳисобро баробар намуд. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал “Саройкамар” дар майдони худ бар “Далерон-Ӯротеппа” бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда буд.

Дастаи “Эсхата” низ бозии ҷавобии ниманиҳоиро рӯзи шанбе дар сафар бо тими «Кӯктош+С»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 1-1 ба охир расонд. Ба голи ҳамлагари мизбонон Низом Раҳимов дар дақиқаи 14-ум бозигари меҳмонон Абдумалик Шодиев дар дақиқаи 76-ум посух дод. Бозии аввал дар Хуҷанд бо ғалабаи “Эсхата” бо ҳисоби 1-0 хотима ёфта буд.

Ба ин тартиб, дастаҳои “Саройкамар” ва “Эсхата”, ки соҳибони роҳхатҳо ба лигаи олии футболи Тоҷикистон шуданд, рӯзҳои 20-ум ва 24-уми ноябр дар бозиҳои финалӣ барои ҷойи якум дар мусобиқаи лигаи аввал рақобат мекунанд. Барои ҷойи севум дастаҳои “Далерон-Ӯротеппа” ва “Кӯктош+С” талош хоҳанд кард.

Бозии аввал барои ҷойи 3-юм

20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
“Далерон-Ӯротеппа” – “Кӯктош+С”

Бозии аввал барои ҷойи 1-ум –
20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
“Саройкамар” - “Эсхата”

Бозиҳои ҷавобӣ
24-уми ноябр (якшанбе) – соати 13:30
Барои ҷойи 3-юм
“Кӯктош+С “ - Далерон-Ӯротеппа”

Барои ҷойи 1-ум
“Эсхата” - “Саройкамар”
XS
SM
MD
LG