Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар назди хаймаи Луя Ҷирга


Пулиси Афғонистон мегӯяд, 16 ноябр дар наздикии хаймаи Луя Ҷиргаи Афғонистон таркише рух дод. Қарор аст ҳафтаи оянда 21 ноябр дар ин хайма ҳудуди 3000 нафар шахсиятҳои муътабар аз саросари кишвар дар иҷлоси Луя Ҷирга ширкат варзанд. Инфиҷор соати 15 вақти Кобул рух дод.

Абдулхолиқ-афсари пулис ба бахши афғонии радиои Озодӣ гуфт, ки “як мошини бамгузоришуда таркидааст ва талафоти ҷонӣ ҳам дар пай доштааст”.

Абдулхолиқ дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса тавзеҳот надод. Дар ин иҷлос аъзои Луя Ҷирга ва сарони қабоилу ақвом пешнависи қарордоди дуҷонибаи амниятии Афғонистону Амрикоро баррасӣ мекунанд.

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ҳайатҳои намояндагии Амрико ва Афғонистон таҳия ва баррасии пешнависи қарордоди дуҷонибаи амниятиро ба поён расонданд. Пешнависи ин қарордод ҳафтаи оянда барои тасвиб ба Луя Ҷирга фиристода мешавад.

Аммо Карзай рӯзи шанбе гуфт, ки то ҳол миёни Кобулу Вашингтон роҷеъ ба нусхаи ниҳоии ин қарордод ихтилофи назар вуҷуд дорад. Карзай ба хабарнигорон гуфт, ки бидуни тасвиби ин санад дар Луя Ҷирга имкон дорад Афғонистон онро имзо накунад.

Ин қарордод ба нируҳои Амрико ба таври қонунӣ имкон медиҳад, ки баъд аз хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ дар соли 2014 бахше аз онҳо дар Афғонистон боқӣ бимонанд.
XS
SM
MD
LG