Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Равалпиндӣ баъди Ошӯро


Беназмӣ дар ҷараёни маросимҳои Ошуро
Беназмӣ дар ҷараёни маросимҳои Ошуро
Дар наздикии Исломобод - пойтахти Покистон рӯзи ҷумъа дар маросими Ошӯро, задухӯрд ба амал омад ва 8 нафар кушта шуданд. Баъд аз ин задухурд ҳоло дар ин минтақа қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардаанд. Беназмӣ замоне шурӯъ шуд, ки пайравони шиа дар ҷараёни баргузории маросими худ, яъне Ошӯро ба таълимгоҳи пайравони суннӣ даромаданд ва аз он ҷо ду нафарро берун оварданд ва то дами марг лату кӯб карданд. Пайравони шиа мегӯянд, сунниҳо ба онҳо ҳарфҳои носазо гуфтаанд.

Ин нооромӣ дар Равалпиндӣ рух додааст, шаҳре, ки дар наздикии Исломобод ҷойгир аст. Дар бораи тирандозӣ низ хабарҳо пахш шудааст. Сарбозон ба ин моҷаро дахолат ва назмро барқарор кардаанд.
XS
SM
MD
LG