Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар бораи ташдиди режими будубош дар шаҳри Сочӣ дар давраи баргузории Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 амреро имзо кард.

Бар пояи ин санад, шаҳрвандони Русия, ки барои зисти муваққат ба Сочӣ омадаанд (ба ҷуз афроде, ки дар меҳмонсароҳо, хонаҳои фароғатӣ, пансионатҳо, базаҳои сайёҳӣ ва дар бемористонҳо ба сар мебаранд), ё мехоҳанд муқими ин шаҳр шаванд, бояд тайи се рӯз барои сабти ном шудан муроҷиат кунанд. Мӯҳлати будубоши хориҷиёне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат надоранд, набояд бештар аз 30 шабонарӯз бошад.

Муқаррарот аз 7 январ то 21 марти соли 2014 амал хҳоад кард. Ин талабот ба шаҳрвандони Русия ва хориҷиёне, ки соҳиби шаҳодатномаи олимпӣ, муҷаввизи сабти ном ё асноди иҷоза барои вуруд ба муассисаҳои олимпиянд, дахл надорад.

Аз ин пештар хабар расида буд, мақомоти Русия муҳоҷирони кориеро, ки дар бунёди муассисаҳои олимии Сочӣ кор мекарданд, қабл аз шурӯи Олимпиада иҷборан аз ин шаҳр берун мекунанд.
XS
SM
MD
LG