Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар Либия ба 15 расид


Дар Троблус, пойтахти Либия, бар асари задухӯрд миёни аъзои як гурӯҳи ниманизомӣ ва шаҳрвандон 15 нафар кушта ва 95 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои телевизиони Либия, задухӯрд баъди он шурӯъ шуд, ки афроди мусаллаҳ дар посух ба талаби шаҳрвандон барои тарки Троблус сӯи фазо тир андохтанд. Эътирозгарон ақибнишинӣ карданд ва аммо баъдан мусаллаҳ шуда ба бинои ситоди гурӯҳи ниманизомӣ ҳамла намуданд. Ба иттилои хабаргузории Reuters, аз бино сӯи ҳамлагарон аз мусалсал тир андохтанд. Даҳҳо мошинҳои низомӣ ба ҷойи даргирӣ омада талош карданд, ки ҷонибҳоро барои қатъи тирандозӣ водор созанд.

Дар Либия даргириҳо миёни даҳҳо гурӯҳҳои ниманизомӣ, аз ҷумла, миёни онҳое, ки дар мубориза алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ муттаҳид шуда буданд, идома дорад. Ин гурӯҳҳо баъд аз ду соли суқути ҳукумати Қаззофӣ ҳам аз халъи силоҳ шудан сарпечӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG