Пайвандҳои дастрасӣ

Албания аз нобудсозии силоҳи кимиёвии Сурия сарпечӣ кард


Эди Рама

Эди Рама

Албания хоҳиши ИМА дар мавриди дар қаламраваш нобуд сохтани захираи кимиёвии Сурияро рад кард. Дар ин бора шоми ҷумъа нахуствазири Албания Эди Рама аз тариқи телевизион хабар дод. Ҷузъиёти нобудсозии 1300 тонна заҳри қаттол бояд аз сӯи Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ ва Димишқ ҳамоҳанг карда шавад. Аз байн бурдани ин силоҳ дар қаламрави Сурия, ки он ҷо ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад, басо хатарнок арзёбӣ мешавад.

Моҳи сентябр Сурия бо миёнҷигарии ИМА ва Русия барои аз байн бурдани захираи силоҳи кимиёвияш розӣ шуд. Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад баъд аз таҳдиди Вошингтон барои ҳамла ба Сурия дар посух ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз сӯи артиши ҳукуматӣ дар рӯзи 21 август дар канори Димишқ маҷбур шуд ақибнишинӣ кунад. Дар он ҳамлаи кимиёвӣ садҳо нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG