Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Троблус ду тазоҳургарро куштанд


Бар асари тирандозии афроди мусаллаҳ ба самти тазоҳургарон дар шаҳри Троблус, пойтахти Либия 2 нафар кушта ва 25 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин тазоҳургарон талаб мекарданд, ки ҳамин гурӯҳҳои мусаллаҳ Троблусро тарк кунанд ва ба тарафи қароргоҳи ҳамин размандагони собиқ ҳаракат доштанд. Бино ба гузоришҳо, дар аввал ин афрод ба ҳаво тир андохтаанд, вале чун тазоҳургарон аз роҳи худ нагаштаанд, онҳоро ҳадаф гирифтаанд. Бо гузашти ду сол аз ошӯбҳои мусаллаҳона, ки дар он Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия сарнагун шуд, ҳукумати нави ин кишвар натавонистааст, размандагони собиқ ва гурӯҳҳои ҷиноиро халъи силоҳ кунад.
XS
SM
MD
LG