Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрвандони Молдова ба Аврупо бе виза хоҳанд рафт


Кумиссиёни Аврупо ба Иттиҳодияи Аврупо тавсия дод, ки муқаррароти додани раводид ба шаҳрвандони Молдоваро осон кунанд. Дар сурати иҷрои ин тавсия, он шаҳрвандони Молдова, ки шиносномаи биометрӣ доранд, метавонанд, 90 рӯз бидуни раводид дар кишварҳои ҳавзаи аҳдномаи Шенген бимонанд. Тарҳи санади мазкурро охири моҳи ноябр дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар Вилнюс пешниҳод мекунанд вале онро бояд Порлумони Аврупо ва аъзои иттиҳодия низ ба тасвиб бирасонанд. Кумиссиёни Аврупо ҳамчунин дар нишаст хоҳад гуфт, ки Украина дар роҳ ба сӯи равуои бидуни виза бо Иттиҳодияи Аврупо пешрафтҳое кардааст, аммо бояд дар масъалаи муҳофизати паноҳандагон кори бештар анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG