Пайвандҳои дастрасӣ

Р.Зоиров аризаашро ба Додгоҳи олӣ супурд


Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) рӯзи 15 ноябр ба Озодӣ гуфт, имрӯз аризааш дар бораи натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 6 ноябрро ба Додгоҳи олӣ супурд. Зоиров мегӯяд, «мо дар ариза зикр кардем,ки агар 50 дарсад аз интихобкунандагони дохили Тоҷикистон пойи сандуқҳои раъй рафта бошанд ва фақат 5 дарсад аз теъдоди умумии муҳоҷирони корӣ, ки теъдодашон якуним миллион аст, дар интихобот ширкат карда бошанд, пас мизони мушорикати умумӣ чизе ҳудуди 33 дарсад аст, на 90 дарсаде ки Кумиссиюни марказии интихобот (КМИР) мегӯяд Ба ҳисоби охирини КМИР, ки рӯзи 13 ноябр нашр шуд, дар интихоботи 6 ноябр аз 4 201156 нафари интихобкунанда 3 787 703 нафар, ё 90,1 дарсад дар овоздиҳӣ ширкат карда, иштирок намуданд, ки 84,23 дарсади онҳо аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кардаанд.
Раҳматулло Зоиров ва тарафдорони ӯ мегӯянд, дар асл дар интихобот камтар аз нисфи интихобкунандагон ширкат кардаанд ва ба ин далел, ин раъйдиҳиро наметавон баргузоршуда эътироф кард. Аммо ӯ эътироф мекунад, ки ба баррасии одилонаи аризааш дар Додгоҳи олӣ бовар надорад ва танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомиа ба масъалаи қонуншиканиҳо ба додгоҳ меравад.
XS
SM
MD
LG