Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бишкек мегӯяд, барои тарҳи "CASA-1000" пул надорад


Қирғизистон, дар чаҳорчӯбаи тарҳи «САSА-1000» бояд хатти баландашиддати истгоҳи «Датка» то истгоҳи «Хуҷанд»и Тоҷикистонро созад, аммо ба мушкили молии баробар ба 55 миллион доллар рӯ ба рӯ шудааст. Айбек Калиев, муовини вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар мавриди вазъи тарҳи «CASA-1000» таъкид кардааст, ки кишвараш барои бунёди хатти баландшиддат аз Қирғизистон то Тоҷикистон ба камбуди 55 миллион доллар рӯбарӯ аст. Муовини вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон афзудааст, кишварашро лозим аст, ки дар доираи тарҳи тарҳи КАСА-1000 бояд хатти баландшидати 460 километра бунёд кунад, вале маблағ намерасад

Ахиран дар сомонаи тарҳи «CASA-1000» иттилоъ пахш шуд, ки кишварҳои шомили ин тарҳ--Покистон Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон аз сармоягузорони Бонки аврупоии бозсохту рушд ва аз Бонки исломии рушд барои татбиқи ин барнома маблағ дарёфт мекунанд. Дар миёнаҳои моҳи сентябр дар Покистон нишасти Шӯрои байнидавлатии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баргузор шуд, ки дар он тарҳи тиҷоратии интиқоли барқ, маъруф ба CASA -1000, баррасӣ гардид. Чаҳор иштирокдори аслии ин тарҳ - Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон - бо имзои эъломияи cохтори тарҳ ва усулҳои калидии он, пуштибонии комили худро барои рушди аз ин барнома густарда дар соли 2014 баён намуданд. Ин эъломия дар сатҳи вазирони энержӣ имзо шудааст.

Интизор меравад, ки CASA -1000 тиҷорати барқро дар байни чаҳор кишвар дар заминаи қарордодҳои дарозмуддат таъмин кунад ва 1300 мегават нирӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон расонад. Қарор аст, ки сармояи 1 миллиард доллар шароитро барои тиҷорати энержӣ мусоид карда, ду кишвари мӯҳтоҷи барқро аз ниёзмандӣ берун ва буҷаи ду кишвари Осиёи Марказиро ғанӣ созад.

Аммо умдатарин мушкиле, ки сабаби то ҳол тӯл кашидани оғози иҷрои тарҳи пуриддаои CASA -1000 шудааст, то ҳол маълум нашудани манбаи таъмини молии иҷрои он аст. Бонки осиёии рушд соле пеш аломат дод, ки таъмини молии ин тарҳро бар ӯҳда намегирад. Вале нишасти Исломобод ҷонибҳои зидахл, бахусус кишварҳои минтақаро, нисбат ба ояндаи CASA -1000 дигарбора дилгарм мекунад.
XS
SM
MD
LG