Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Филиппин кӯмак ба мӯҳтоҷон идома дорад


Ҳукумати Филиппин мегӯяд, талошҳояш барои кӯмак ба бозмондагони тӯфони Ҳайан муносиб будааст, ҳарчанд бисёре аз ин мардуми мӯҳтоҷ кӯмак бо гузашти як ҳафта аз ин фалокат, дар интизори кӯмак ҳастанд, ё кӯмаки ночизе гирифтаанд. Мар Рохас, вазири умури дохилии Филиппин, рӯзи ҷумъа дар ин бора дар шаҳри вайроншудаи Таклобан сӯҳбат кард, вале афзуд, ки миқёси бузурги фалокат мушкилоте барои ҳукумат пеш овардааст. Бино ба омори расмӣ, теъдоди қурбониёни тӯфони Ҳайан дар Филлипин то кунун ба 3621 нафар расидааст. Тақрибан 600 ҳазор нафар бехонаву дар мондаанд. Айни замон интиқоли кӯмакҳои башарӣ аз хориҷ идома дорад ва як киштии бузурги ҳавопаймобари Амрико дар соҳили Филиппин лангар андохт ва қарор аст, чархболҳо аз он ба тақсими обу маводи ғизоӣ дар манотиқи осебдида шурӯъ кунанд.
XS
SM
MD
LG