Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Ҳоло эъмоли таҳрим алайҳи Эрон зарур нест"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз вакилони амрикоӣ хост, то замоне, ки музокирот дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон идома дорад, аз эъмоли таҳримоти нав алайҳи ин кишвар худдорӣ кунанд. Барак Обама, рӯзи панҷшанбе дар Кохи Сафед гуфт, музокирот беҳтарин роҳи монеъ шудан ба дастёбии Эрон ба силоҳи атомист. Ӯ афзуд, ки агар Эрон ба аҳдҳои додааш вафо накунад, дар ин сурат “метавон, таҳримотро тақвият бахшид.” Ҳукумати Амрико мехоҳад, барои музокирот бо Эрон ва ҳосил шудани созиш дар бораи барномаҳои ҳастаии он, фурсати бештар диҳанд. Даври нави музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон ҳафтаи оянда сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG