Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Квасниевски аз Украина хост, шансашро аз даст надиҳад


Як намояндаи баландмақоми Иттиҳодияи Аврупо аз Украина хост, шанси имзои аҳдномаҳои муҳими ҳампаймонӣ бо ин иттиҳодия дар охири моҳи ноябрро аз даст надиҳад. Александр Квасниевски, фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо, дар ин бора як рӯз баъд аз он сӯҳбат кард, ки порлумони Украина дар мавриди қонуне, ки иҷоза медод, Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи зиндонӣ дар хориҷ табобат бигирад, ба созиш нарасид. Александр Квасниевски ба хабаргузории UNIAN-и Украина гуфтааст, “агар созишнома дар шаҳри Вилнюс, имзо нашавад, мумкин аст, барои солҳои номаълум ба таъхир афтад.” Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, шартномаи ҳампаймонӣ бо Украинаро ба шарте имзо мекунад, ки Тимошенкоро аз зиндон раҳо кунад.” Интизор меравад, Украинаву Иттиҳодияи Аврупо созишномаи ҳампаймониро рӯзҳои 28-29 ноябр дар шаҳри Вилнюс имзо кунанд, ки ин қадами аввал ба узвият дар иттиҳодия аст. Александр Квасниевски ҳамчунин гуфтааст, Русия кори хато мекунад, ки саъй дорад, монеъи имзои ин аҳднома шавад. Русия мехоҳад, Украина ба Иттиҳодияи Гумрукӣ ба раҳбарии он кишвар бипайвандад.
XS
SM
MD
LG