Пайвандҳои дастрасӣ

Наздикони Икромзода 10 млн $ зарари маънавӣ талаб доранд


Наздикони Ҳамза Икромзода.

Наздикони Ҳамза Икромзода.

Волидони Ҳамза Икромзода, як маҳбуси тоҷик, ки ба гуфтаи наздиконаш бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст, аз вазорати адлия 10 миллион доллар зарари маънавӣ талаб доранд.

Онҳо аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ талаб доранд, ки 10 миллион доллар аз Сарраёсати ислоҳии маҳбасҳо ва Вазорати адлия барои расонидани зарари маънавӣ вобаста ба қатли фарзандашон Ҳамза Икромзода дар маҳбаси рақами 1, руёнад.

Файзалӣ Икромзода, падари Ҳамза Икромзода рӯзи 15-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки вобаста ба даъвои онҳо дар мавриди рӯёнидани 10 миллион доллар ҳамчун зарари маънавӣ, додгоҳи Исмоили Сомонӣ мурофиаи худро баргузор мекунад

Падари Ҳамза Икромзода гуфт, «мо қаблан ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар хусуси рӯёнидани 10 миллион доллар аз Раёсати ислоҳии маҳбасҳо ва Вазорати адлия ариза навишта будем, лекин Сарраёсати ислоҳии маҳбасҳо вобаста ба аризаи мо норозигӣ намуда аз додгоҳ хоҳиш кард, ки ин аризаро рад кунад.»

Зимнан, Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи волидони Ҳамза Икромзода мегӯяд, ки соати 16:00-и имрӯз мурофиаи даъвоии падару модари Ҳамза таҳти раёсати додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ Шерзод Низомов сурат хоҳад гирифт. Вай афзуд, ки дар ин мурофиа Вазорати адлия ҳамчун ҳамҷавобгар, ширкат хоҳад кард

Волидони Ҳамза мегӯянд, ки писарашон саробони хонавода буд ва ҳангоми дар маҳбас будани ӯ, боварӣ доштаанд, ки ҳаёту саломатии ӯ дар дасти давлат мебошад. Давлат барои нигоҳубини ӯ масъул мебошад. Онҳо дар ин мавқеи худ ҷиддӣ буда хоҳиш доранд, ки додгоҳ ин маблағро рӯёнад.

Ба гуфтаи Файзалӣ Икромов, «баъди он, ки оиди ҳалокати фарзанди худ маълумот гирифтем, тамоми орзуҳое ки дар дил доштем, онро дар як лаҳза гум намудем. Ман худ бемор мебошам, оилаам низ бемор аст, боварӣ доштем, ҳангоме ки фарзандамон аз маҳбас мебарояд, моро табобат менамояд. Як табобати чашм дар хориҷи кишвар на камтар аз 100 000 доллари ИМА-ро ташкил менамояд.»

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-юми сентябри соли гузашта дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешуд. Аммо мақомот ин ҳодисаро рад намуда онро худкушӣ арзёбӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG