Пайвандҳои дастрасӣ

Квасневский: Фардо дер хоҳад шуд...


Агар дар нишасти Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Вилнюс миёни Иттиҳодия ва Украина созиши ҳампаймонӣ имзо нашавад, ба ин масъала тайи ду соли оянда касе машғул нахоҳад шуд.

Александр Квасневский, раисиҷумҳури собиқи Лаҳистон ва узви ҳайати нозирони Парлумони Аврупо рӯзи панҷшанбе дар ин бора изҳорот нашр кард ва гуфт, ки соли 2014 интихобот ба Парлумони Аврупо ва як сол баъд интихоботи раёсатҷумҳурии Украина баргузор мешаванд.

Рӯзи чаҳоршанбе парлумони Украина ба пазируфтани бастаи қонунҳо дар бораи додситонӣ, интихобот ба Верховная Рада ва муолиҷаи маҳбусон дар хориҷа, ки шарти имзои созиши ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад, муваффақ нашуд.

Иттиҳодияи Аврупо барои пазируфтани бастаи санадҳо мӯҳлати нави ниҳоӣ – 19 ноябрро муқаррар кардааст.
XS
SM
MD
LG