Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аспиранту донишҷӯёни тоҷик 3 моҳ боз аз таҳсил дуранд


Ду аспирант ва ҳудуди 20 донишҷӯи тоҷик аз 10 донишгоҳи олии Руссия тай се моҳ боз наметавонанд ба ин кишвар баргаштаву таҳсилашонро идома диҳанд.

Ин донишҷӯён дар соли нави таҳсил баробари ворид шудан ба ҳудуди Русия аз ин кишвар хориҷ карда шуданд. Сабаб ҳам риоя нашудани қоидаи будубош дар Русия гуфта мешавад. Аммо худи донишҷӯён мегӯянд, асноди онҳо ҳама дуруст буд ва ягон иштибоҳе ҳам накардаанд.

Ҳасанҷон Каримов, аспиранти яке аз донишгоҳҳои Русия мегӯяд, вай ва тақрибан 20 донишҷуёни донишгоҳҳои Русия, сарфи назар аз доштани шаҳодатномаи донишҷӯӣ пас аз депорт шуданашон ба Тоҷикистон, то кунун наметавоанад вориди қаламрави Русия шаванд ва ба таҳсили худ идома диҳанд.

Ҳасанҷон Каримов, аспиранти яке аз пажуҳишгоҳҳои архитектурии Русия рӯзи 14-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки инак се моҳ мешавад онҳо аз идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия маҳрум ҳастанд ва бинобар ҳал нушадани масъалаи иқоматашон дар Русия иҷозаи вуруд ба қаламрави ин кишварро надоранд.

«Ман ва боз як нафари дигар аспирант ҳастем, 24 нафари дигар донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталифи Русия ҳастанд ва ба умеди Хадамоти муҳоҷират будем, аммо то ҳол ҳеҷ масъала ҳал нашудааст, таҳсил 1-уми сентябр оғоз шудааст, ҳоло моҳи ноябр аст мо ҳайронем чӣ кор кунем», мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Амо Шӯъбаи қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷирати Тоикистон дар робита ба ин масъала мегӯяд, ки қаблан онҳо барои ҳалли масъалаи ин донишҷӯён ба Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия номаи расмӣ ирсол кардаанд, вале ҳанӯз посухе дарёфт накардаанд. Гузашта аз ин Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, ки мушкили ин ҷавонон масъалаи муҳоҷират нест, балки масъалаи иқомат аст, ки бо Вазорати корҳои дохили иртибот дорад.

Дар ҳоле ки се моҳ аз давраи таҳсили ин донишҷӯён мегузарат бо вуҷуди муроҷиати ҳудуди 25 аспирант ва донишҷӯён ба Вазорати маориф, Вазорати корҳои дохили ва хориҷӣ мақомоти Тоҷикистон вокунише нишон надодаанд ва ба қавли донишҷуён мегӯянд, ки «сабр кунед дар ҳоли ҳалшудан аст».
XS
SM
MD
LG