Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ва Ҳоланд мавзӯи Эронро баррасӣ карданд


Руасои ҷумҳуриҳои ИМА ва Фаронса дар як тамоси телефонӣ масоили марбут ба Эронро баррасӣ карданд. Ба иттилои Кохи Сафед, Барак Обама ва Франсуа Ҳоланд аз пешниҳоди ягонаи "шашгона" - панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон пуштибонӣ карданд. Ин пешниҳод чун гоми ҷиддии ҷомеъаи байнулмилалӣ барои муваффақ шудан ба аҳдофи фақат сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон арзёбӣ мешавад.

Эрон иддаои талошҳояш барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад. Баъд аз ноком шудани даври навбатии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар Женева сару садоҳое пайдо шуданд, ки миёни кишварҳои "шашгона" оид ба ин масъала ихтилофи назар мавҷуд аст. Аммо намояндагони ИМА гуфтанд, ки Эрон ба созиш розӣ нашудааст. Теҳрон инро рад намуд. Гуфтушунидҳо ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешаванд. .
XS
SM
MD
LG