Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти кишвар мегӯянд, бархе ҷавонон аз мафҳуми озодӣ сӯъиистифода мекунанд ва бо ин далел ки «мо озодем», ба гурӯҳҳое мепайванданд, ки эҳтимол дорад, ин озодиро халалдор кунанд.

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, дар як мулоқот бо ҷавонон рӯзи чаҳоршанбеи 13-уми ноябр дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» гуфт, озодии аз ҳад зиёд метавонад, пайёмади нохуберо ба бор биёрад. Вай бо ишора ва таъкид ба ҷавононе, ки дар фазои демократия бузург мешаванд афзуд: «озодӣ он нест, ки шумо чизе мехоҳеду мекунед. Ҳангоми аз неъматҳои озодиву демократия бархурдор шудан, бояд низоми ҳамин озодие ки давлати Тоҷикистон барои шумо ато кардааст риоя кунед».

Ҷаноби Холиқов ҳамчунин дар идома аз воқеъаҳои солҳои навадум ёдоварӣ карда гуфт, бояд ҷавонон талош кунанд, ки аз сарҳади озодӣ канор нараванд. Зеро гуфт ӯ, дар баробари озод будан, ҳамонқадар таҳдидҳо ба мафкураи инсон бештар мешаванд. Мақомот омили аслии дар фазои демократия ба радикализм гароидани ҷавононро ба гуногунандешии онҳо рабт дода мегӯянд, ҷавонони бист соли истиқлолият, одоби якандешӣ ва якақидагӣ риоя намекунанд. Тавре ки дар замони шуравӣ роиҷ буд. Ин сӯҳбатҳо дар ҳоле ҷараён мегиранд, ки мақомоти Тоҷикистон пайравии кишвар аз принсипҳои демократӣ ва плюрализм дар ҷомеъаро пайваст таъкид мекунанд.

Бо он ки ин нишаст масоили худшиносии миллиро матрҳ мекард, вале бахши умдаи сӯҳбатҳо дар бораи таҳдидҳое буд, ки гуфта мешуд ҷавонон дар ростои он қарор доранд.

Аз ҷумла Маликшо Неъматов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, гуфт, ки ҷавонон ин ҳама пешрафти раҳбари давлатро нодида нагиранд ва ба ақидаву дассисаҳои гуруҳҳои алоҳида дода нашаванд. «Як бор фиреб хурдем, мо дар ҳазорсолаҳо нооромии кишвари худро орзу намекунем, зеро ин хиёнат аст. Мо дар қатори дӯстҳо душманҳои зиёд дорем, тарҳҳое мекашанд, ки кишварро ноором кунанд ва ҳатто пинҳон накарда боз мегӯянд, ки ҳамин хел аст», гуфт ӯ.

Дар ин ҳамоиш, ки ба гуфтаи мубтакиронаш бо мақсади рушду густариши худшиносии миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпрастӣ баргузор гардид, бештар аз 300 ҷавони тоҷик ширкат доштанд.

Дилшод, яке аз ширкатдорони ин мулоқот дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба иддаои мақомот, ки озодии бештар онҳоро ба радикализм мебарад розӣ нест. Вай гуфт мақомот бо ин роҳ наметавонанд, онҳое ки ба гурӯҳҳои алоҳида мепайванданд боз доранд. Зеро чунин мулоқотҳои бештар хусусияти насиҳатӣ дошта, ба ҳарфи ҷавонон, ки мехоҳанд хостаҳои худро гӯянд гуш намедиҳанд.

Равшан Абдуллоев, роҳбари Хазинаи Авруосиё дар Тоҷикистон мегӯяд, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҷавонон аз фазои демократия истифода мекунанд ва мехоҳанд бо ҳар роҳ худро нишон диҳанд. Вай гуфт, пастии маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дуруст фаъолият набурдани марказҳои омузишии динӣ дар Тоҷикистон, ба он мунҷар шудааст, ки ҷавонони дар ду самт қарор дошта, бо ҳам мадоро кардан наметавонанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, як қишри ҷавонон арзишҳои муосирро аз диди динӣ нигоҳ карда, ба қавонини ислом мувофиқ намедонанд ва бо онҳое, ки назарҳои дунявӣ доранд, вориди баҳс мешаванд. Абдуллоев гуфт: «бояд мақомот беҳтар кор кунанд. Онҳо мегӯянд, ки ҷавонон аз озодӣ истифода мекунанд ва тундгарову ифротгаро мешаванд. Аммо худи мақомот дар ин самт кори ҷиддиеро ба сомон намерасонанд».

Роҳбари Хазинаи Авруосиё дар Тоҷикистон мегӯяд, ҷавонон замоне ифротгаро мешаванд, ки хостаҳои онҳо аз суи мақомот бароварда намешавад ва онҳо иҷробан ба гурӯҳҳои тундгаро мепайванданд, на озоди аз ҳад бештар ба ин роҳ мебарад.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, чунин мулоқоту вохуриҳо бо ҷавонон, ки хусусияти насиҳатӣ доранд, пайваста аз сӯи кумитаи ҷавонон ва бо ширкати чанд мансабдори давлатӣ доир ва дар он аз ватандустӣ ва ҷилавгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундраву ифортгаро суҳбтҳо сурат мегирад. Ғолибан онҳое ки суханронӣ мекунанд ҳамеша аз вазъи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, ҷавононро бовар медоранд, ки шумо ба фарқ аз ҷавонони ду даҳсолаи ахир хушбахттаред. Аммо ин ҳама насиҳатҳои мақомот, ки ба гуфтаи таҳлилгарон мағзшуйи беш нест, на ҳамаи ҷавононро хуш меояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG