Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Украина натавонист қонуни муолиҷаи Тимошенкоро қабул кунад


Порламони Украина, 13 ноябр
Порламони Украина, 13 ноябр
Иҷлоси ғайринавбатии порламони Украина натавонист қонун дар бораи муолиҷаи Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин дар хориҷаро ба тасвиб расонад. Дар ин иҷлос Александр Квашневский ва Рэт Кокс-фиристодаҳои боломақоми Иттиҳодияи Аврупо ҳузур доштанд. Баъд аз ин нокомӣ Квашневский ба хабарнигорон гуфт, ки порламон ин масъаларо бори дигар 19 ноябр баррасӣ мекунад ва ин охирин имкони Киев барои имзои қарордоди ҳамкориаш бо Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд.

Тасвиби пешнависи қонун дар Украина ба зиндониён имкон медиҳад, ки онҳо дар хориҷ аз кишвар муолиҷа бигиранд. Тимошенко яке аз онҳо хоҳад буд. Вай аз дарди тахтапушт ранҷ мебарад ва бояд дар яке аз бемористонҳои Олмон муолиҷа бигирад.

Иттиҳодияи Аврупо таҳдид кардааст, ки агар қонун дар бораи муолиҷаи Тимошенко дар хориҷ ба тасвиб нарасад, дар он сурат бо Украина дар бораи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ қарордод имзо нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG