Пайвандҳои дастрасӣ

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Челябински Русия кушта шудаанд


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар бораи куштори ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск ба радиои Озодӣ хабар дод. Бино ба маълумоте, ки сафорат аз Исломиддин Рачабов, раиси ҷамъияти тоҷикистониёни вилояти Челябинск ва узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат гирифтааст, ин ду нафар Сангинбоев Абдуманон Шодимуродовичи 31-сола ва Мутрифов Сайриддин Сайфиевичи 23-сола будаанд.

Сафорат мегӯяд, ханӯз ҷойи иқомати ин нафарон дар Ватан ва ҷузъиёти дигари ин қазия маълум нест. Ҳоло кормандони масъули ҳам Хадамоти консулгарии Сафорат ва ҳам Консулгарии кишвар дар минтақа бо ин кор машғуланд.
XS
SM
MD
LG