Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Узбакистон ҳамкорони Гулнораро паси панҷара мебаранд


Акс аз Twitter-и Гулнора Каримова

Акс аз Twitter-и Гулнора Каримова

Дар Узбакистон Гулнора Каримова мегӯяд, ки Рустам Мадумаров-яке аз ҳамкорони наздики вайро боздошт кардаанд. Каримова-духтари калонии Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон дар Twitter-и худ навиштааст, “гӯё касе дуздӣ намекунад, акнун онҳо гӯё ҷинояткори бузург соҳиби Нирвана-амбори асбобҳои мусиқиро боздошт кардаанд”.

Дар ин бора тафсилоти бештар нашр нашудааст. Мадумаров моҳи гузашта баъд аз он, ки пулис дар амбори вай тафтиш анҷом дод бедарак шуд. Дар ҳамин ҳол маҳали буду боши Фирдавс Абдухолиқов-раиси шабакаи телевизионии NTT ва ҳамкори наздики Гулнора маълум нест. Дар ин бора як мақоми раҳбарии ин телевизион рӯзи душанбе хабар додааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Узбакистон фаъолияти ин телевизионро низ мамнуъ эълон кардаанд.

Ҳафтаи гузашта додситонии кулли Узбакистон бар зидди Нурмуҳаммад Содиқов-ҳамкори дигари Гулнора парвандаи ҷиноӣ боз кард.
XS
SM
MD
LG