Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 таркиши ҳамоҳангшуда дар Ироқ шиаҳоро ҳадаф қарор дода буд


Рӯзи чаҳоршанбе дар Бақуба воқеъ дар шимоли Бағдод се таркиши ҳамоҳангшуда рух дод ва 8 нафар пайравони шиа кушта шуданд. Ин таркишҳо раҳпаймоии зоирини шиаро ҳадаф қарор дода буд, ки ба сӯи Карбало-яке аз амокини муқаддаси шиаҳо роҳ пеш гирифта буданд, то дар маросимҳои Ошуро ширкат варзанд.

Пайравони шиа марги Имом Ҳусейн-набераи паёмбари ислом Муҳаммадро гиромӣ медоранд. Имом Ҳусейнро дар қарни 7 ба қатл расонда буданд. Маросими Ошуро ҳар сол баргузор мешавад ва дар он садҳо ҳазор нафар пайравони шиа ширкат меҷӯянд.
XS
SM
MD
LG