Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

109 ҳазор сомонии расадхонаҳоро мудир ба ҷайб зад


Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки зимни бозрасии фаъолияти молии пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, 109 ҳазор сомонӣ маблағи будҷаи ҳамин муассисаи илмиро ошкор карданд, ки аз тарафи масъули бахши олии ин пажӯҳишгоҳ аз худ карда шудааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод рӯзи 13-уми ноябр ба радиои «Озодӣ» иттилоъ дод, ки дар авоили ҳамин ҳафта зимни тафтиши санадҳои сесолаи молиявии пажуҳишгоҳи астрофизика, Насриддин Миниқулов, мудири шӯъбаи ҳамин пажуҳишгоҳ, аз соли 2011 то 2013 бо сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ, 109 ҳазор сомонӣ пули барои таъмири расадхонаҳо дар ноҳияҳои Данғара ва Ҳисор ихтисосдодаро тасарруф намудааст. Гуфта мешавад, ки Насриддин Миниқулов ҳангоми пурсиш гуфтааст, ки аз ҳисоби ин маблағ барои худаш мошини сабукрав харидааст. Феълан дар мавриди амалҳои Насриддин Миниқулов тафтишоти пешакӣ идома дошта, алайҳи вай бо моддаи 245, қисми 4 -"азхудкунии маблағ", айбнома эълон шудааст
XS
SM
MD
LG