Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат барои зилзилазадагон мактаб месозад


Вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи заминларзаи рӯзҳои 10 ва 11 ноябр чаҳор мактаб дар ноҳияи Ваҳдат зарар дида, ки ду тои он корношоям шудааст. Нуриддин Саидов, рӯзи чоршанбеи 13-уми ноябр дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ба дунболи заминларза, ба вазъи мактабҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ошно гаштанд ва дар натиҷа маълум шуд, ки аз чаҳор мактаб дар шаҳри Ваҳдат, ду мактаб комилан корношоям шудаанд. Ба ин далел вазири маориф гуфт, ки қарор шуд, ки дар деҳаи Арбобдара ва Истиқлол барои хонандагон мактабҳои ду ва се ошёнаи типи нав сохта шавад ва аз ин рӯз сохтмони мактабҳо шурӯъ мешавад. Аммо ба таъкиди вазири маориф, "бо кӯмаки ЮНИСЕФ хаймаҳои сайёр ба даст овардем ва хонандагон дар деҳаи Арбобдараи шаҳри Ваҳдат то бунёди мактаби нав дар ин хаймаҳшо таҳсилро идома медиҳанд».

Ба гуфтаи вай, хонандагони мактаби Истиқлол дар мактабҳои наздиктарин ба ин деҳа ҷо ба ҷо шудаанд ва раванди таҳсил барои онҳо идома дорад. Ҳамчунин вазири маориф гуфт, ки ба вазъи мактабҳои деҳаи Султонобод, ки дар пайи заминларза зарар дида буданд, ошно шудаанд ва ин мактабҳо ниҳ таъмиру бозсозӣ хоҳанд шуд. Зимнан, ба иттилои вазири маорифи Тоҷикистон, мактабҳое, ки дар ноҳияи Ваҳдат бар асари заминларза зарар дидаанд, мутаносибат 60, 80 ва 156 хонанда доранд.
XS
SM
MD
LG