Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи минтақавии лигаи аввали футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Аз минтақаи Душанбе дастаҳои «Саройкамар»-и Панҷ ва «Кӯктош+С»-и Рӯдакӣ ба даври ниманиҳоии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Ҳарду даста 33-имтиёзӣ гирифтанд, вале аз рӯи натоиҷи бозиҳо миёни ҳарду «Саройкамар» мақоми аввал ва «Кӯктош+С» мақоми дувумро касб карданд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Саройкамар» (Панҷ) 14 10 3 1 41-11 33
2 «Кӯктош+С» (Рӯдакӣ) 14 10 3 1 29-13 33
3 «Нури Норак» (Норак) 14 6 4 4 20-20 22
4 РТСУ (Душанбе) 14 5 4 5 24-23 19
5 “Ҳулбук” (Восеъ) 14 5 1 8 18-29 16
6 «Ҳосилот» (Фархор) 14 4 2 8 20-23 14
7 «Бохтар» (Бохтар) 14 3 4 7 19-23 13
8 «Пахтакор» (Қубодиён) 14 2 1 11 11-40 7

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҷонибек Ғаффоров («Саройкамар») – 15 тӯб, Комрон Турсунов (РТСУ) – 9 тӯб, Зоир Холматов («Ҳулбук») – 8 тӯб.

Дар мусобиқаи минтақаи Суғд “Эсхата”-и Хуҷанд бо 46 имтиёз ғолиб шуд. “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан бо 42 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Ҳамин тариқ, аз ин минтақа “Эсхата” ва “Далерон-Ӯротеппа” ба марҳалаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Эсхата» 18 15 1 2 53-11 46
2 «Далерон-Ӯротеппа» 18 13 3 2 64-10 42
3 «Зарафшон» 18 11 3 4 35-27 36
4 «Исфара» 18 11 3 4 47-21 36
5 «Спитамен» 18 6 6 6 41-47 24
6 «Мастчоҳ» 18 7 2 9 33-44 23
7 «Канд» 18 6 2 10 30-44 20
8 «Пахтакор» 18 6 1 11 32-39 19
9 «Қайроққум» 18 2 1 15 12-76 7
10 «Шаҳристон» 18 2 0 16 13-41 6

Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳрулло Бобоев («Далерон-Ӯротеппа») – 22 тӯб, Аъзам Ҳусейнов («Далерон-Ӯротеппа») – 20 тӯб, Ҳусейн Ҷалолов («Эсхата») – 16 тӯб.

Ба ин тартиб, дастаҳои “Саройкамар”-и Панҷ, “Кӯктош+С”-и Рӯдакӣ, “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки 11-уми ноябр шурӯъ шуд, барои ду роҳхат ба лигаи олӣ талош доранд.

Ёдовар мешавем, дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ дар майдони худ бар тими “Далерон-Ӯротеппа”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Беҳрӯз Сангинов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 4-ум ҳисобро боз намуд. Баъди 4 дақиқа Хуршед Ямоқов, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 52-юм ҳамлагар Ҷонибек Ғафффоров голи дувум ва ҳалкунандаи “Саройкамар”-ро ба ҳадаф расонд.
Дар ин бозӣ ду нафар – Беҳзод Мӯсоев аз дастаи “Далерон-Ӯротеппа” ва Иброҳим Мӯҳтоҷзода аз дастаи “Саройкамар” барои корти дувуми зард аз майдон хориҷ шуданд.
Дар бозии дувум “Эсхата”-и Хуҷанд бар тими меҳмон – “Кӯктош+С”-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Голи ягонаро Саидҷон Шарифов дар дақиқаи 5-уми бозӣ ба самар расонд.
Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи шанбеи 16-уми ноябр, соати 13:30 шурӯъ мешаванд:
“Далерон-Ӯротеппа” – “Саройкамар”
“Кӯктош+С” – “Эсхата”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG