Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

150 ҷавон барои сарпечӣ аз хизмат ба додгоҳ мераванд


Комиссарияти низомии Кӯлоб аз болои 150 ҷавони даъватшаванда барои хизмат дар артиш, ба додситонӣ шикоят бурдааст.

Суҳроб Ахмедов, комисари низомии Кӯлоб мегӯяд, "ба ин ҷавонон чандин маротиба даъватномаҳо фиристода шуд, аммо онҳо ба комиссарият ҳозир нашуданд ва ба ин далел ба додситонӣ шикоят бурдем, то нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад."

Ба гуфтаи ҷаноби Ахмедов, ҳангоми бурдани тарғибот дар маҳалҳо аз суҳбат бо ҷавонон бармеояд, ки худи онҳо мехоҳанд то дар Артиш хизмат кунанд, аммо волидайн бо ҳар роҳ монеи ин ташаббуси ҷавонон мешаванд ва онҳоро аз хизмат мегурезонанд: «Ҳатто волидайн талош мекунанд, ки то гузаштани сини хизмати ҳарбӣ, фарзандашон дар муҳоҷират бошанд ва ё бо дохил кардан дар донишгоҳу донишкада ин мӯҳлатро сипарӣ мекунанд. Пас аз 27 солагӣ, мо танҳо онҳоро барои эҳтиёт сабти ном мекунем».

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи комиссари низомии Кӯлоб, дар ин мавсим, ба 15 ҳазор ҷавон даъватнома фиристода шудааст, аммо на ҳама бо гирифтани даъватнома бо комисариати ҳарбӣ ҳозир мешавад.

Дар назди комисариати ҳарбии Кӯлоб мо бо Набот Шарифов, ҷавони синни даъват вохӯрдем, ки воқеан, мехоҳад, то хизмат кунад, аммо пайвандонаш талош доштанд, то ӯ ба хизмат наравад. Яке аз наздиконаш бидуни ифшои ном гуфт: «Набот як фарзанди хурд дорад ва давоми ин ду сол ҳамсар ва фарзанди ӯро кӣ нигаҳбонӣ хоҳад кард»?

Аммо ин ҷавон дар сӯҳбат бо мо гуфт, омодаи ба артиш рафтан аст: «Дар донишгоҳ мехондам ва ҳоло 25 сол дорам. Гуфта будам, ки хонда тамом кунам, ҳатман ба хизмат меравам. Ба халқу ватани худ кӣ хизмат кардан намехоҳад?».

Дар ҳамин ҳол, Саидшоҳ, як ҷавони дигар, ки назди комисариати ҳарбӣ ҳузур дошт, гуфт, хоҳиши хизмат кардан надорад ва танҳо аз тарс ин ҷо ҳозир шудааст. Ӯ гуфт, барояш даъватнома додаанд ва гутфанд, ки агар ҳозир нашавад, нисбаташ парванда боз хоҳад шуд: «Намехоҳам ба хизмат биравам. Падару модари бемор дорам ва ман онҳоро нигаҳбонӣ мекунам. Бародаронам ҳастанд, вале онҳо нигоҳубин намекунанд.»

Бобошои Саидҳомид
Бобошои Саидҳомид
Бобошои Сайдҳомид, ҷавони дигаре низ дар комиссариат ҳузур дошт, гуфт, ки ихтиёран ба хидмат омадааст ва мехоҳад, ба ватан хизмат кунад. Ӯ мегӯяд, ду сол хизматро анҷом медиҳад ва баъдан бо хотири осуда пайи кору зиндагӣ мешавад: «Ҷавононе, ки дар хизмат нестанд, доим дар тарсанд, ки ҳозир моро дастгир карда мебаранд ва ё замони дигар. Хубтараш, ки зудтар биравем ва халос шавем.»

Шумораи ҷавононе, ки ихтиёран мехоҳанд, ба сафи артиш бипайванданд, хеле кам ҳастанд. Шокир Бозоров, як ҷавони маҳаллӣ мегӯяд, ҳоло ӯву дигар ҳамсолонаш зиндагиро қиёс мекунанд ва ҳамеша ба худ суол медиҳанд, ки коре, ки фарзандони мансабдорон анҷом намедиҳанд, чаро онҳо анҷом бидиҳанд. Ӯ мегӯяд, агар фарзандони мансабдорон ҳамчун намунаи ибрат ба артиш ҷалб шаванд, он гаҳ ҳама дилгарм мешавад.

Ӯ гуфт: «Бачаи директории заводи ҳамсояи мо ҳам худаш ва ҳам бачаҳои амакаш ба хизмат намераванд ва касе ба онҳо кор надорад. Бачаи раиси шаҳру ноҳия он тараф истад, ҳатто бачаи раиси ҷамоат ба хизмат намеравад. Охир, онҳо бо кадом рӯй омада, моро ташвиқ мебаранд, ки ба хизмат равед. Ин ватани мо танҳо нест. Бачаҳои онҳо раванд, аз телевизион нишон диҳанд, мо бинем, фардо ҳатман меравем.»

Бархеи дигар мегӯянд, зиндагии хонаводагиашон мушкил аст ва аз ин рӯ ба ҷои ду соли хидмат дар артиш, ба муҳоҷират мераванд ва дар беҳ шудани сатҳи зиндагиашон саҳм мегузоранд.

Дар Тоҷикистон дар як сол ду бор, баҳор ва тирамоҳ ҷавонон ба сафи артиш даъват мешаванд, аммо комиссариатҳои ҳарбӣ ҳамасола аз кам ҷалб шудани ҷавонон шиква мекунанд.







XS
SM
MD
LG