Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Миллӣ сатҳи таваррумро 7,5 дарсад пешбинӣ мекунад


Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар соли ояндаи 2014-ро 7, 5 дар сад пешбинӣ кардааст. Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллӣ, ки рӯзи чоршанбеи 13-уми ноябр зимни муаррифии "Дурнамои сиёсати пуливу молӣ" дар Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт, ки соли 2014, сатҳи таваррум 7, 5 дарсад пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи раиси Бонки Миллӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ раванди рушди иқтисод дар сатҳи муътадил қарор дошт ва яке аз нишондиҳандаҳои муҳим низ паст будани сатҳи таваррум буд, ки дар ин муддат 2, 8 дарсад, аммо солона 3, 8 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳамзамон Абдуҷаббор Ширинов, афзуд, ки "қурби сомонӣ, пули миллӣ дар нисбати доллар 0, 1 дарсад паст гардид ва муддати ду соли ахир бозори асъори низ ором аст. Ҳамчунин ба гуфтаи раиси Бонки Миллӣ, вазъи қарздиҳӣ ба аҳолӣ дар муқоиса ба солҳои пеш зиёд шудааст ва агар соли гузашта, маблағи он 1, 6 миллиард сомонӣ буд, ҳоло ба 2, 6 миллиард сомонӣ расидааст. Раиси Бонки Миллӣ сабаби афзоиши қарздиҳӣ ба аҳолиро дар бештар ворид шудани қарзҳо аз хориҷи кишвар ба бонкҳои кишвар арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG