Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камарбанди амниятӣ монеи қочоқи ҳероини афғонӣ мешавад?


Акс аз ҷараёни нишасти сиёсӣ ва мушорикати НАТО дар Бруссел.
Акс аз ҷараёни нишасти сиёсӣ ва мушорикати НАТО дар Бруссел.

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, то гирдогирди Афғонистон як камарбанди амниятии зидди маводи мухаддир, ба вуҷуд оварда шавад.

Ин матлабро Рустам Назаров, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷиистон рӯзи 11-уми ноябр зимни суханронӣ дар нишасти сиёсӣ ва мушорикати НАТО дар Бруссел баён доштааст.

Раҳбари Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтааст, "мушкилоти тавлиди ҳероин дар Афғонистон ин мушкилоти душвор ва бисёрпаҳлӯ на танҳо барои Афғонистон ва ҳамсоягони он, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад."

Ӯ афзуд, ки барои ҳалли он як қатор чораҳои фавқулода лозиманд, ки амалҳои муштараки ҳамоҳангшудаи тамоми кишварҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалии бонуфузро дар бар мегиранд. Ҷаноби Назаров таъкид кардааст, ки кишвараш дар хатсайри шимолии транзити маводи мухаддир кишвари калидӣ аст ва ба пешгирии қочоқи он тавассути омодасозии кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Афғонистон саҳм мегузорад.

Оҷонсии маводи мухаддири Тоҷикистон аз Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО хостааст, то дар бахши амнияти марзи муштарак ва омӯзиши нерӯҳо ҳамкорӣ кунад. Ҳамчунин Назаров пешниҳод кардааст, ки барои омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаи мубориза алайҳи пулшӯии маблағҳои аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бадастовардашуда, мусоидат карда шавад.

Тибқи гуфтаи коршиносон, маводи мухаддири Афғонистон аз сарҳади Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигари аврупоӣ роҳ меёбад. Афғонистон ва Тоҷикистон 1344 километ марзи муштарак доранд.

Умеда Юсупова, корманди дафтари матбуотии Оҷонсии назорати маводи мухаддир, рӯзи 13-уми ноябр дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2013 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон наздики 5372 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 6,8 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Мусодираи маводи мухаддир дар соли 2013 назар ба солҳои 2010-2011 зиёд шудааст.

Тибқи маълумотҳои расмӣ, дар соли 2013 ҷинояткорон бо маводи нашъадори навъи афюн аз ҳама бештар дастгир шудаанд. Аз рӯи натиҷаҳои 9 моҳаи соли 2013, маҷмӯи нашъаи мусодирашудаи навъи афюн бештар аз як тоннаро ташкил додааст, ки 7,8 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар 9 моҳ 386 кг ҳероин, мусодира шудааст, ки 18,2 дарсад камтар аз соли 2012 мебошад. Ба гуфтаи мақомот, миқдори мусодирашудаи афюн аз 460,072 кг дар соли 2012 то 622,687 кг дар соли 2013 афзудааст. Вобаста ба ҳамин, дар соли 2013 дар Тоҷикистон ҳиссаи ҳероин ба тарзи мушоҳидавӣ кам шудааст.

Қарор аст Тоҷикистон дар 29-уми моҳи ноябр мизбони як нишаст дар мавриди мубориза бо маводи мухаддир бошад. Дар ин иҷлосия ғайрирасмӣ, раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, Эрон, Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия , Чин, Амрико ва Туркия иштирок хоҳанд кард. Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам қарор аст дар ин нишаст ширкат намоянд.
XS
SM
MD
LG