Пайвандҳои дастрасӣ

14 кишвар узви нави Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ шуданд


Чину Русия, Арабистони Саудиву Ветнам ва Куба бо вуҷуди интиқодҳо аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо ва эътирози ҳомиёни ҳуқуқи башар узви нави Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ интихоб шуданд. Рӯзи сешанбе дар Нию Йорк Маҷмаи Умумии СММ 14 кишварро ба узвияти шӯро қабул кард. Ин шӯро 47 узв дорад.

Дафтари Шӯрои Ҳуқуқи Башар дар Женава аст. Дар натиҷаи райдиҳӣ дар Маҷмаи Умумии СММ ба узвияти ин шӯро ҳамчунин Фаронсаву Британия, Алҷазоиру Марокаш, Намибияву Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Молдив ва Мексикаву Македония дохил шуданд. Шӯрои нав кори худро аз 1 январ дар Женев оғоз мекунад.
XS
SM
MD
LG