Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон 16 ноябр пурра ба истеъфо меравад


Ҳамаи аъзои кобинаи вазирони Тоҷикистон 16 ноябр баъд аз ёд кардани савганди расёати ҷумҳурӣ ба истеъфо мераванд. Дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи қонун “Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон”, баъди ба фаъолият оғоз кардани раиси ҷумҳури нав аъзои кобина ба истеъфо хоҳанд рафт. Вале онҳо то интихоби аъзои кобинаи нав ва ба тасвиб расидани он фаъолияти худро идома хоҳанд дод.

Бино ба хабарҳо, соли ҷорӣ дар маросими расмии савганди Эмомалӣ Раҳмон ва тадобири вобаста ба он меҳмонони хориҷӣ ҳузур нахоҳанд ёфт.

Кумиссиюни марказии интихобот ва райдиҳии Тоҷикистон эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон-номзади ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократӣ бо 83,6 дарсади оро дар интихобот баранда шудааст. Вай бори чаҳорум дар курсии раёсат менишинад.
XS
SM
MD
LG