Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав кинотаеатри "Тоҷикистон"-ро хароб мекунанд


Матбуоти Русия хабар додааст, ки дар Строгинои Маскав дар ҷои бинои кинотеатри “Тоҷикистон” маркази бозиҳои саргармкунанда сохта мешавад. Барои ин сохтмон шаҳрдории Маскав 3,5 миллион рубл ихтисос медиҳад. дар ин бора раёсати сохтмонҳои шаҳрдории Маскав ба матбуот хабар додааст.

Ҳоло барои ин сохтмон дар шаҳр озмун эълон шудааст ва ширкати пируз аввал бояд бинои кинотеатрро аз миён бардорад. Ин кинотеатр соли 1982 сохта шуда буд ва масоҳати он дар кӯчаи маршал Кутузов 6 ҳазору 998 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Кинотеатри “Тоҷикистон” ду толор дорад ва то соли 2001 чун толорҳои намоиши филмҳо ва консертҳо истифода мешуд.
XS
SM
MD
LG