Пайвандҳои дастрасӣ

Солҳои ахир аксари хобгоҳҳои донишгоҳҳо, ки пас аз нобасомониҳои кишвар ба манзили зисти мардум ёфта буд, дубора таъмир шудаву ба донишгоҳҳо баргардонида шуд.

Ҳоло ин хобгоҳҳоро донишҷӯён пур кардаанд, аммо бо баргардонидани ин хобгоҳҳо ва сохтмони чандин хобгоҳи дигар ҳам, мактабҳои олии кишвар натавонистаанд ҳама донишҷӯён аз навоҳии дурдастро бо ҷойи хоб таъмин кунанд.

Масъулини донишгоҳҳои Тоҷикистон мегӯянд, агар дар чанд соли қабл донишҷӯйдухтарон аз зиндагӣ дар хобгоҳ донишгоҳҳо худдорӣ мекарданд ва ё волидон ба онҳо ин иҷозаро намедоданд, ҳоло барои дарёфти ҷойи зист дар хобгоҳ духтарон байни худ ба қавле мубориза мебаранд. Камбуди манзили зист дар шаҳр ва гарон будани иҷорапулӣ як сабаби аслии серталабгор шудани хобгоҳҳо аст.

Имрӯз дар маҷмӯъ 77 хобгоҳ дар назди донишгоҳҳои кишвар фаъолият мебаранд, ки беш аз 11 ҳазор донишҷӯро дар худ фаро гирифтаанд. Аммо ба гуфтаи масъулини соҳаи маориф, теъдоди зиёди донишҷӯёни дигар имрӯз ба ҷои зист ва хобгоҳ эҳтиёҷ доранд. Ягона донишгоҳе, ки хобгоҳи бештар дорад, Донишгоҳи милии Тоҷикистон аст, ки дар он ҳам барои як ҷой то 7 нафар довталаб будааст.

Нуралӣ Собиров, масъули хобгоҳҳои донишгоҳ мегӯяд, имрӯз танҳо 25- 30 дарсади донишҷӯёни эҳтиёҷманд ба хобгоҳ таъмин шудаанд: «Дар донишгоҳи миллӣ 11,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, аз ҳамин 1850 нафар бо хобгоҳ таъмин аст. Масалан, дар мадди аввал донишҷӯёни аз минтақаҳои дурдаст омадаро бо хобгоҳ таъмин мекунем ва баъдан агар ҷой шуд, он муҳассилинеро, ки аз деҳоти дурдасти навоҳии атрофии шаҳр барои таҳсил омадаанд. Ҳоло мо кӯшиш дорем биноҳои дигари донишгоҳро ҳам таъмир кардаву донишҷӯёнро бо ҷои зист таъмин кунем ва тасмим аст, 3 бинои дигар барои донишҷӯёни донишгоҳи миллӣ сохта шавад».

Бо ҳадафи боздид аз вазъу шароити хобгоҳҳои донишҷӯён ва суҳбат бо ҷавонон мо нахуст ба хобгоҳи рақами 6- и донишгоҳи миллӣ, воқеъ дар маҳаллаи «Ҷазира» ё «Шаҳраки донишҷӯён» роҳ гирифтем. Ин як бинои нуҳошёнаи замонавӣ аст, ки соли 2008 ба истифода дода шуд. Ба гуфтаи масъулин, солҳои аввали фаъолият хобгоҳ талабгораш хеле кам буд, аммо ҳоло роҳ ёфтан ба ин хобгоҳ кори осон нест. Дар хобгоҳи мазкур, ки ба фарқ аз хобгоҳҳои дигар донишгоҳҳо шароити беҳтар дорад, дар як сол аз донишҷӯ 300 сомонӣ тақозо мешавад. Донишҷӯён ду, чаҳор ва шаш нафари дар як ҳуҷра зиндагӣ мекунанд.

Сабина, донишҷӯи факултаи биологияи донишгоҳи мазкур, ки аз Бадахшон барои таҳсил омадааст, мегӯяд, соли авали таҳсилаш дар хонаи яке аз наздиконаш буд, аммо мушкили дарёфти нақлиёт, махсусан дар фасли сармо ва дермониҳо аз дарс, ӯро маҷбур кард имсол ба хобгоҳ кӯч бандад: «Соли гузашта махсусан дар фасли сармо хеле мушкил доштам. Роҳам дуртар буд ва ба далели камбуди нақлиёт аз дарсҳо дер мемондаму муаллимон ҷанг мекарданд. Хобгоҳ аз ин ҷиҳат ҳам хуб аст, ки касе ташвиш намедиҳад ва пурра метавони ба омӯзиш машғул бошӣ.»

Дар маҷмӯъ донишҷӯён аз шароити ин хобгоҳ розиянд ва мегӯянд, хобгоҳ онҳоро бо рахти замонавии хоб, мизу курсӣ таъмин кардааст ва бе ягон роҳкирову саривақт метавонанд ба дарс ҳозир шаванд. Хароҷоти як моҳаи донишҷӯён барои зиндагӣ дар хобгоҳ ва хурду хӯрок ҳудуди 600 сомониро ташкил медодааст. Аммо замони ҳузури мо дар ин хобгоҳ барқ набуд, роҳраву утоқҳои хоби донишҷӯён торик буданд. Масъулини он гуфтанд, ин мушкили маъмулӣ нест ва имрӯз танҳо бо сабаби корҳои техникӣ барқро хомӯш кардаанд. Ҳамчунин муҳассилин бо оби гарм таъмин набудаанд.

Роҷеъ ба камбудиҳои дигари хобгоҳ донишҷӯён Санам ваа Абубакр чунин гуфтанд: «Оби гарм надорем. Мегӯянд, ки насос то ошёнаи нуҳум ҳаракат карда наметавонад. Мо хеле мехоҳем оби гарм дошта бошем, махсусан дар фасли сармо. Лифти ин бино кор намекунад. Ман аз соли дуввуми ба фаъолият дода шудани хобгоҳ ин ҷо омадаам ва аз ҳамон сол лифти он кор намекунад. Масъалаи дигар ин роҳи мо то хобгоҳ аст. Обҳои ифлос меравад дар ин роҳ мошинҳо мегузаранд, ҳамаро ифлос мекунанд ва то дар бо сару либоси ифлосу таршуда мерасем »

«Мехоҳем дар ҳар ошёна компютеру интернет барои донишҷӯён бошад. Ҳоло медонед, ки бе интернет мушкил аст. Махсусан мо, ки ҳоло бо системаи кредитӣ мехонем, барои мо кор бо компютеру интернет муҳим аст. Корҳои мустаъқилона бисёр дорем. Ман шахсан барои худ компютер харидам, аммо на ҳама донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳо омадаанд, ин имконро доранд.»

Бинои хобгоҳи донишгоҳи омӯзгори, ки дар паҳлӯи донишгоҳ воқеъ аст, ба фарқ аз хобгоҳи донишгоҳи миллӣ кӯҳнатар аст ва ҷиҳози ҳуҷраҳои он ҳам мероси солҳои қаблӣ ва фарсуда. Дар ин бино, ки ҳоло танҳо духтарон аз навоҳии дурдаст ҷой карда шудаанд, ҳама ба зимистон омодагӣ мегирад.

Нигора аз ноҳияи Панҷ барои таҳсил ба ин донишгоҳ омадааст ва дар ошёнаи авали хобгоҳ бо ҷойи хоб таъмин шудааст. Ӯ мегӯяд, бо ҳамхонаҳои дигараш, 4 нафар маблағ ҷамъ кардаву барои зимистон бухорӣ харидаанд. Нигора, ки соли аввал аст дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, мегӯяд, намедонад шароити зимистон дар хобгоҳ чӣ гуна аст, аммо аз духтарони дигар шунидааст, ки дар фасли сармо утоқҳояшон сарду зиндаги дар хобгоҳ мушкил мешавад.

Вале новобаста ба шароиту камбудиҳо дар хобгоҳҳои донишҷӯён, муҳассилин аз навоҳии дурдасти кишвар, ки шароити зист дар манзилҳои иҷораро надоранд ва намехоҳанд бори гарони як хонаводаи дигар бошанд, зиндагӣ дар хобгоҳро интихоб мекунанд ва мегӯянд, он паҳлӯҳои зиёди мусбат ҳам дорад. Қабл аз ҳама ба гуфтаи ин донишҷӯён, хобгоҳ онҳоро мустақил мекунад ва ба ақидаи худи ҷавонон зиндагии якҷояи ҷавонон аз ҳар гӯшаву канори кившар метавонад дар аз айн бурдани маҳалгароӣ ҳам мусоидат кунад.

Мусоҳиби мо Далер-ҷавоне, ки аз ноҳияи Восеъ барои таҳсил ба шаҳр омадаву дар хобгоҳи донишҷӯйи зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ки "аслан барои донишҷӯ хобгоҳ беҳтарин ҷо аст. Ин ҷо ӯ ба корҳои ғайр машғул нашуда муҳит водораш мекунад, ки ба таҳсил машғул шавад, чун ин ҷо фазойи донишҷӯйи аст. Муҳит ҳаст, ки аз ҳар минтақа дӯст пайдо мекунӣ, дар давоми 3 соли зиндагӣ дар хобгоҳ қариб ба ҳама ноҳияҳои кишвар бо даъвати дӯстони хобгоҳӣ рафтаем. Ин як василаи хуби муттаҳидсозии донишҷӯён ва кам кардани сатҳи маҳалгароӣ аст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG