Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши телевизионҳои Гулнора Каримоваро қатъ карданд


Пахши барномаҳои панҷ телевизиони мутааллиқ ба Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури Ӯзбакистонро мутавақиф кардаанд. Як намояндаи Шабакаи Телевизионҳои Ғайриҳукуматии Узбакистон, ки ба Каримова тааллуқ дорад, рӯзи душанбе ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки муҷавизи фаъолияти ин шабакаро гирифтаанд. Ба гуфтаи як мақоми давлатии Узбакистон, се ҳафта пеш тафтиши фаъолиятҳои молии Фирдавс Абдулхолиқов, мудири ин шабакаро оғоз кардаанд, ки куҷо буданаш маълум нест. Моҳи гузашта, пахши барномаҳои се радиои маъруфи ФМ ва чаҳор телевизиони дигари марбут ба духтари раиси ҷумҳури Узбакистонро боздоштанд. Гулнора Каримоваро яке аз ворисони эҳтимолии падараш Ислом Каримов медонанд, ки синнаш ба 83 расидааст.
XS
SM
MD
LG