Пайвандҳои дастрасӣ

Навъи вируси фалаҷи кӯдакон дар Сурияро муайян карданд


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ангезандаи бемории фалаҷи атфол, ки дар Сурияи ҷангзада хуруҷ кардааст, як навъи ангезандаҳои ин беморӣ дар Покистон аст. Ба гуфтаи мутахассисони созмон, ин вируси ваҳшии фалаҷи атфолро дар Исроил, Канораи Ғарб, ва Навори Ғазза ошкор кардаанд. Баъди хуруҷи фалаҷи атфол, ки ба 13 кӯдак дар Сурия сироят кардааст, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба иҷрои барномаҳои фаврӣ ҷиҳати ваксинзании 20 миллион кӯдак дар Ховари Миёна оғоз кард. Қарор аст, миллионҳо нафар кӯдак дар Мисру Ироқ, Ӯрдуну Лубнон ва Навори Ғазза, Канораи Ғарб, Сурия ва Туркия ваксин зада шаванд. Бемории фалаҷи атфол, ки ба асаби инсон сироят мекунад, дар Покистону Афғонистон ва Нигерия васеъ паҳн шудааст.
XS
SM
MD
LG