Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷии Эрон Ҷон Керриро интиқод кард


Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, Ҷон Керрӣ ҳамтои амрикоиашро барои баёнияааш дар бораи музокироти ҳастаӣ интиқод кардааст. Ҷон Керрӣ рӯзи душанбе гуфт, ки Эрон тарҳи созиши ҳастаӣ, ки қудратҳои ҷаҳонӣ пешниҳод карданд, напазируфт. Муҳаммад Ҷавод Зариф, рӯзи сешанбе дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки “бозӣ бо калимот наметавонад, воқеъияти рӯйдодҳои серӯза дар Женеваро” тағйир диҳад. Ӯ ҳамчунин навиштааст, Ҷаноби вазири умури хориҷӣ магар ин Эрон буд, ки рӯзи панҷшанбе нисфе аз пешнависи Иёлоти Муттаҳидаро зеру рӯ кард?” Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, 6 қудрати ҷаҳонӣ дар шаҳри Женева ба Эрон тарҳи воҳиде дар бораи барномаҳои ҳастаиро пешниҳод карданд, аммо намояндагони Эрон онро напазируфтанд. Даври нави музокирот дар бораи рафъи бӯҳрони атомии Эрон рӯзи 20 ноябр баргузор мешавад. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, аммо Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG