Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ба Филлипин кӯмаки башарӣ фиристод


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як киштии ҳавопаймобар ва бо арзиши 20 миллион доллар кӯмакҳои башариро барои кӯмак ба мардуми мӯҳтоҷ дар Филлипин фиристодааст. Тахмин мешавад, ки дар тӯфони вайронгари Ҳайан, бештар аз 10 ҳазор нафар ҷон додаанд. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки киштии ҳавопаймобари “Ҷорҷ Вашингтон” ба Ҳонк Конг меравад, то дар амалиётҳои имдодӣ дар Филлипин кӯмак расонад. Киштии мазкур бо 5 ҳазор маллоҳу 80 ҳавопаймо ҳамроҳ бо 5 киштии дигар дар интиқоли кӯмакҳои башарӣ, таъминот ва расондани хадамоти тиббӣ ба мардуми зиёндида кӯмак хоҳад кард. ЮСАИД, Оҷонси Рушди Байналмилалии Иёлоти Муттаҳида ҳам гуфт, ки ба Филлипин бо арзиши 20 миллион доллар маводи ғизоӣ ва сарпаноҳҳои мувақаттӣ медиҳад. Иёлоти Муттаҳида ба даҳҳо кишвари дигар аҳд додаанд, ки ба Филлипин барои рафъи оқибатҳои тӯфони Ҳайан, ки мардуми зиёдеро бехонумон кард, миллионҳо доллар кӯмак хоҳанд кард. Ба тахмини Созмони Милал дар ин фалокат тақрибан 660 ҳазор нафар аз мардуми Филлипин бесарпаноҳ мондаанд.
XS
SM
MD
LG