Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Рамазон Раҳимов бо Лякин-Фролов


Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 12 ноябр ба радиои Озодӣ хабар дод, ки субҳи имрӯз Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин мулоқот масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дар минтақа баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба фаъолсозии ҳамкории дуҷониба таъкид карданд. Як манбаъ дар вазорати корҳои дохила гуфт, ки дар ин мулоқот мавзуъи истирдоди шаҳрвандоне, ки дар кишвари худ ҷинояти вазнин намуда дар кишвари дуввумӣ паноҳ бурдаанд баррасӣ карда шудааст. Вале аз натиҷаи он иттилоъ дода нашудааст. Дар феҳрасти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ному насаби ва акси беш аз 30 шаҳрвандони кишвар расман оварда шудааст, ки таи солҳои ахир дар ҷустҷуи мақмомти умури дохила қарор доранд ва ба таъкиди Вазорати корҳои дохила аксари онҳо дар Русия паноҳ бурдааанд. Ҳамчунин дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки шумораи кадрҳои умури дохилаи Тоҷикистон дар омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои олии пулиси Русия афзоиш дода шавад. Ҳар сол ҳудуди 60 нафар курсантҳои милисаи Вазорати корҳои дохила дар мактабҳои пулиси Русия фаро гирфта мешаванд.
XS
SM
MD
LG