Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии камарбандии ҷаҳон миёни навҷавонон дар Карачай-Черкессияи Русия се медал ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ бо иштироки варзишгарони синнашон 18-20-сола аз 14 кишвар аз 8-ум то 11-уми ноябр дар шаҳри Черкесск баргузор шуд. Мусобиқа аз рӯи услуби озод миёни навҷавонон дар 8 вазн ва байни духтарон дар 6 вазн сурат гирифт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 нафар шомил буданд. Мусулмонқул Мустафоқулов дар рақобатҳо дар вазни то 62 кг ва Умедбек Тошмуродов дар вазни то 100 кг, ки ҷойҳои дувумро касб карданд, бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.
Дар сабқати духтарон Гуландом Қарабоева дар вазни то 76 кг ҷойи севумро азони худ кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 22 медал (11 медали писарон ва 11 медали духтарон) ғолиб омад.

Ғолибони мусобиқа дар рақобатҳои инфиродӣ:
Писарон: вазни то 57 кг - Медет Халмиқурбонов (Туркманистон), то 62 кг – Даурен Дэмен (Қазоқистон), то 68 кг – Азамат Тоторқулов (Русия), то 75 кг – Гармаммет Шомаммедов (Туркманистон), то 82 кг – Рашид Текеев (Русия), то 90 кг – Саид Ботиров (Туркманистон), то 100 кг – Георгий Хубулов (Русия), +100 кг – Алексей Захаров (Русия).

Духтарон: вазни то 48 кг – Олга Кузнетсова (Русия), то 52 кг – Гулсина Ишмурзина (Русия), то 58 кг – Виктория Маликиева (Русия), то 66 кг – Фотима Габуева (Осетияи Ҷанубӣ), то 76 кг – Мереке Худойбергенова (Қазоқистон), +76 кг – Татяна Захарова (Русия).

Ба иттилои Федератсияи гуштии камарбандии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 14-15-уми ноябр дар шаҳри Салавати Бошқирдистони Русия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG