Пайвандҳои дастрасӣ

Ин лаҳзаҳо дар толори "Кохи Борбад" -и шаҳри Душанбе, намоишгоҳ - фуруши байналмилалии "Тоҷикистон - 2013" оғоз ба кор кард.

Маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон - 2013" бо ширкати масъулони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ширкати байналмилалии намоишгоҳии "Роҳи Рушди Осиё" ва сокинону меҳмонони пойтахт баргузор шуд.

Масъулони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "ин намоишгоҳ дар чорчӯби иҷрои созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Эрон сурат мегирад ва умдатан ширкатҳои эронӣ маҳсулоти худро ба маърази тамошо ва фурӯш гузоштаанд.
Ин аст, ки беш аз 30 ширкати эронӣ дар намоишгоҳ - фурӯши байналмилалии "Тоҷикистон - 2013" ҳузур доранд. Ба гуфтаи масъулон, чанд ширкати афғонӣ ва русӣ низ маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд.

Ба ин далел масъулони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон умедворанд, ки баргузори намоишгоҳ дар ҷиҳати ошноӣ бо маҳсулоти тавлидии ширкатҳои бонуфузи эронӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани таҷҳизоти муосир, дарёфти шарикони нав, таъсиси корхонаҳои муштарак ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз ашёи хоми дохилӣ ва манбаҳои меҳнатӣ ва ҳамчунин густариши равобиту ҳамкуориҳои мустақими соҳибкорӣ, кӯмак хоҳад кард.

Баргузории намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон - 2013" дар ҳолест, ки моҳи гузашта дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи мушобеҳи дурӯза доир шуда буд.

Аммо масъулони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, ки муддати солҳои истиқлоли ин кишвар беш аз 20 намоишгоҳи эронӣ дар Тоҷикистон баргузор карда шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон Эрон дар ҳаҷми мубодилаи коло бо Тоҷикистон пас аз Русия, Қазоқистон, Чин ва Туркия, дар ҷоий панҷум қарор дорад.

Гузоришҳои расмӣ ҳокист, ки муддати 7 моҳи соли ҷорӣ гардиши мол миёни ду кишвар маблағи беш аз 130 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дар сад зиёд аст.
XS
SM
MD
LG